О.Насим: Зиёда аз 95 ҷарроҳии муосир анҷом дода шуд

 

  Дар Осиёи Маркази Тоҷикистон ягона кишваре аст, ки амалиётҳои ҷарроҳии иваз кардани гурда, ҷигар ва мағзи устухонро ба роҳ мондааст. Имрӯз тақрибан 96 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвари мо омада амалиётҳои ҷарроҳиро анҷом доданд.Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ баланд рафта истодааст.

Олимзода Насим, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар нишасти хабарӣ, ки санаи 8 феврал баргузор гашт, ин нуқтаро қайд намуд. Ҳамчунин, дар нишаст вобаста ба бисёр дастоварду мукшилиҳои соҳа сухан карда, басаволҳои хабарнигорон посух гуфт.

95 намуд ҷароҳиҳои нав

Вазири тандурустӣ қайд намуд, ки танҳо дар соли 2018 дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ зиёда аз 95 намуд ҷароҳиҳои муосир ворид гардид. Дар маҷмуъ 1624 ҷароҳии дилу рагҳо, 1434 ангиография, 194 ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ ва дигар амалиётҳо бо мувафақият анҷом додашуд. Ногуфта намонад, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои анҷом додани амалиёти ҷарроҳӣ ба кишвари мо меоянд. Дар инҷо ҳам нархи дастрас дорад ва ҳам хизматрасонии баланд сифат ба беморон расонида мешавад.

90,8 дарсад ҳомиладорӣ қатъ гардид

Дар соли 2018 185 357 нафар ҳомиладорон дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ дар сатҳи ҷумҳури аз скрининги ултросадоӣ гузаронида шуд, ки 1416 нафар аз инҳо нуқсони модарзодӣ пайдо карда шуд. Аз ин хотир 1286, яъне 90,8 фоизи ҳомиладорӣ қатъ гардида шуд. Бо ин роҳ тавонистем таваллуди пеши роҳи кӯдакони маъюбро гирфитем, иброз дошт Вазир

Ба хотири пешгирӣ аз ворид шудани маводҳои доругии пастсифат ар ин давра фаъолияти 746 муассисаҳои фарматсевтӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.

Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *