Алла Пугачёва ба мурдан тайёрӣ мебинад…

Ҳаҷвнигор иқрор шуд, ки ӯ ва Примадонна марги ӯро на як бору ду бор бо ҳам  муҳокима кардаанд. Максим Галкин ба пурсиши он ки оё эҳтимолияти  тайёрӣ ба марг ҳамсараш Алла Пугачёва, дуруст аст, ӯ  ростқавлона посух дод.

Ҳунарманд иқрор шуд, ки ӯ ва зани 70-солааш кайҳост, ки дар ин мавзӯъ гуфтугӯ кардаанд ва  на як бору дубор. Дар бораи марги эҳтимолии Алла Борисовна мо бо ҳам сӯҳбатҳо анҷом додаем, бахусус дар робита ба нигоҳубини фарзандони худ — дугоникҳо Гарри ва Лиза, ки моҳи сентябр ҳамагӣ ҳафтсола шуданд.

Галкин дар суҳбат бо барандаи барномаи «Ва гуфтугу» Ирина Шихман тасдиқ кард, ки Алла Борисовна хеле хуб мефаҳмад, ки вақти зиёд барояш боқӣ намондааст…

Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки сароянда вақтҳои охир тамоми дақиқаҳои ба шумор мондаи умри худро барои духтари хурдӣ ва писараш сарф мекунад, ҳатто бештар аз худи ҳаҷвнигор.

Алла Борисовна мегӯяд: «Умедворам, ки дар ин чанд лаҳзае , ки дар ихтиёр дорам, ба онҳо чизеро омӯзам» — бинобар ин, ба гуфтаи рассом, Примадонна тамоми ҳастии худро фидоионҳо карданист.

Шояд, зиндагӣ бо кампири беш аз 70- сола  Галкинро водор намудааст, ки ӯ  низ ба марги Пугачёва ба таври пинҳонӣ омодагӣ мегирад.

Масалан, ӯ иқрор мешавад, ки кӯшиш мекунад барои пойдории саломатии худ ҷиддӣ муносибат кунад, то дигарбора ба чоҳи зиндагӣ наафтаду  ҷони худро дар хатар нагузорад, зеро ба зудӣ, пас аз сари Алла Борисовна ӯ танҳо падаре хоҳад буд, ки ба Лиза ва Гарри нигоҳубин мекунад.

 Дар баробари ин Галкин қайд кард, ки дар якҷоягӣ бо ҷуфти худ -Пугачёва вай ҳамеша худро мисли  нафакахӯр эҳсос мекунад ва сароянда бошад, баръакс, осоншаст ва бо саргузаштҳои моҷароҷӯёна ва болидарӯҳ.

Галкина ҳатто, дар ҳамин ҳоле, ки сароянда аллакай синнаш аз 70-солагӣ гузаштааст, итминон медиҳад, ки дар вай пиразани солхӯрдаи фартутро намебинад, шояд ин аз он сабаб бошад, ки онҳо вақти зиёдеро якҷоя мегузаронанд ва дар худ тағйиротеро эҳсос намекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *